Август 10, 2017 09:38 Asia/Dushanbe
  • Дидгоҳи муовини муфтии мусалмонони Русия дар бораи баҳси ҳиҷоб дар Тоҷикистон

Муовини аввали раиси раиси Шӯрои муфтиёти Русия муътақид аст, ки иллати асосии ситез бо ҳиҷоби исломии бонувон дар Тоҷикистон тарси мақомоти ҳукуматӣ аз хатари намодҳои исломӣ барои низоми лоик аст.

Ба гузориши "Спутник", Дамир Муҳиддинов дар тавзеҳи иқдомоти ахири мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон дар мавриди шиддат бахшидани муқобила бо пӯшиши исломии бонувони тоҷик гуфт, иллати ин амр тарс аз намодҳои исломӣ аст, ки ба пиндори давлатмардони ин кишвар хатаре барои низоми лоик ба ҳисоб меояд.

Вай афзуд, ҳукумат наметавонад ба таври комил доштани риш ва ҳиҷобро барои мусалмонони ин кишвар мамнуъ кунад, зеро дар ин сурат дар назари аксари мардум рафтори ҳукумат ба унвони мубориза бо Ислом арзёбӣ хоҳад шуд, ки паёмадҳои иҷтимоии ногуворе ба бор хоҳад овард.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи Муҳиддинов бархурдҳои хашин бо арзишҳо ва намодҳои исломӣ баҳонаро ба дасти гурӯҳҳои ифротӣ хоҳад дод то ҳукумати Тоҷикистонро ба нодида гирифтани арзишҳои эътиқодии мусалмонони ин кишвар муттаҳам кунанд.

Ахиран дар Тоҷикистон ба ибтикори Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон барномаи таблиғотии муқобила бо ҳиҷоби исломии бонувон бо шиори мубориза бо либос ва фарҳанги бегона оғоз шудааст.