Таҳлили коршиносон дар бораи пахши филми зиддиэронии Вазорати дохилаи Тоҷикистон
(last modified Thu, 10 Aug 2017 06:48:24 GMT )
Август 10, 2017 11:48 Asia/Dushanbe
  • Таҳлили коршиносон дар бораи пахши филми зиддиэронии Вазорати дохилаи Тоҷикистон

Коршиносон ва таҳлилгарони сиёсӣ пахши филми мустанади зиддиэронӣ аз телевизиони давлатии Тоҷикистонро аз дидгоҳҳои мухталиф ба баҳсу баррасӣ гузоштаанд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, бархе коршиносон бар ин боваранд, ки пахши барнома бо мӯҳтавои зиддиэронӣ аз телевизиони давлатӣ нишон медиҳад, ин иқдом бо ризоияти раҳбарияти олии Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Аз сӯйи дигар, ин барнома замоне пахш шуд, ки Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержии Тоҷикистон тоза аз маросими адои савганди Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон ва бо тавофуқ дар бораи баргузории ҷаласаи Комиссияи ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Эрон баргашта буд.

Дар ин нишаст, ки қарор аст дар Душанбе доир шавад, мебоист роҳҳои рафъи танишҳои ҷамъшуда дар равобити Тоҷикистон ва Эрон баҳсу баррасӣ шавад.

Раҳимбек Бобохонов, муаррихи тоҷики муқими Маскав ба хабаргузории русии “Спутник” дар ин робита гуфтааст, ки ин филми зиддиэрониро аз қабл таҳия кардаанд ва пахши он билофосила баъд аз сафари Усмонзода тасодуфӣ аст, аммо агар тасодуф набошад, бояд онро “хизмати хирсона” номид.

Александр Князев, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ низ муътақид аст, ки дар пушти ин барнома дастони Арабистони Саудӣ намоён аст ва эҳтимолан Тоҷикистон дар ин ҷо танҳо як фишанги нуфузи ғайр, яъне нуфузи Саудӣ аст. Ба гуфтаи Князев, ҳадаф аз намоиши ин филм ба ҷанг андохтани ду иттифоқчӣ, яъне Эрон ва Русия аст.

 Хайруллоҳ Мирсаидов, таҳлилгари тоҷик низ ба хабаргузории “Регнум” гуфт, "қаҳрамон"-ҳои ин барнома метавонистанд ҳатто қатли динозаврҳоро ба гардан гиранд.

Вай афзуд, пардохтан ба равобити Тоҷикистон бо як кишвари хориҷӣ аз умури вазорати хориҷа аст ва дахолати вазорати дохила дар ин умур метавонад боз ҳам бадтар шудани муносибатҳоро ба думбол дошта бошад.

Мирсаидов бар ин бовар аст, ки дар хориҷ фаъолтар шудани Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломӣ ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизб сабаби ҳамла ба Эрон аст ва ин нигарониҳо ба фаъолиятҳои раҳбари Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломӣ рабт дорад.

 Ба гуфтаи Мирсаидов, Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар суханронӣ карда, низоми сиёсии Тоҷикистонро ба нақд мекашад ва илова бар ин дар интернет чандин сомона пайдо шудааст, ки на танҳо дар бораи Кабирӣ менависанд, балки ба баррасии мавзӯҳои доғи Тоҷикистон низ мепардозанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, Душанбе бо бастани иттиҳоми қатли ҳудуди 20 афсари Русия дар Тоҷикистон ба Эрон, мехоҳад Русияро ба манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар қаламраваш моил кунад, ҳарчанд ин ҳизб дар Русия тақрибан фаъолияти амалӣ ҳам надорад.

Ин дар ҳоле аст, ки Русия ва ҳеҷ кишвари дигаре ба ҷуз Тоҷикистон то кунун фаъолияти Ҳизби наҳзати исломиро қонунан манъ накардааст.