Август 11, 2017 17:20 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи ҳимоят аз ҳуқуқи рӯзноманигорон дар Тоҷикистон

Тарҳи яксолаи ҳимоят аз рӯзноманигорон дар Тоҷикистон оғоз шуд.

Ба гузориши расонаҳои Тоҷикистон, Шоира Давлатова, раиси созмони ҷамъиятии «Маркази мустақил дар умури ҳифзи ҳуқуқи инсон»-и Тоҷикистон гуфтааст, бо кумаки молии Институти «Ҷамъияти кушода» тарҳи ҷадиди кӯмаки ҳуқуқӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ таъсис шуд. Хонум Давлатова, ки масъули иҷрои ин тарҳ аст, афзуд, ҳадафи аслӣ аз роҳандозии ин марказ ироаи кумаки ҳуқуқӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ аст. Ба қавли ӯ, дар гузашта мавориди зиёде аз зиндонӣ шудани рӯзноманигорон дар додгоҳҳои Тоҷикистон ба хотири интишори бархе аз матолиб сурат гирифтааст, аммо барои ҳимоят аз рӯзноманигорон марказе дар ин кишвар вуҷуд надоштааст. Давлатова гуфт, дар ҳоли ҳозир дар чорчӯби ин тарҳ барои рӯзноманигорон ин имкон фароҳам шуда, ки дар сурати боздошт ва боз шудани парванда алайҳи онҳо ба таври ройгон вакил мудофеъ барои онон ба кор гирифта шавад. Масъули тарҳи ҳимоят аз ҳуқуқи рӯзноманигорон дар идома афзуд, агар рӯзноманигоре зиндонӣ шуда бошад, бастагони ӯ метавонанд аз тариқи тарҳи ҷадиди «Кумаки ҳуқуқӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ» кумакҳои ҳуқуқӣ дарёфт кунанд.

Давлатова гуфт, муддати иҷрои ин тарҳ як сол буда, дар тамоми манотиқи Тоҷикистон қобили иҷро аст.