Август 11, 2017 19:48 Asia/Dushanbe
  • Фармони баргузории нишасти фавқулоддаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон фармони баргузории нишасти фавқулоддаи Маҷлиси намояндагони ин кишварро дар рӯзи 23-юми август дар шаҳри Душанбе содир кард.

Ба гузориши сойти раёсатҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин фармон бар асоси моддаи 52-и Қонуни Асосии ин кишвар пешниҳоди баррасии тарҳи ислоҳ ва тағйири чанд қонунро ироа кардааст. Бар асоси фармони раисҷумҳури Тоҷикистон, намояндагони ниҳоди қонунгузори ин кишвар бояд тарҳи ислоҳу тағйири қонунҳои танзими ҷашну маросим, муқаррароти давраҳои омӯзишии ҳирфаӣ ва пасаздонишгоҳӣ, марказҳои фаннию ҳирфаӣ, маориф, кодексҳои ҷиноӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бо Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардуми Чин дар заминаи бунёди бинои ҷадиди парлумон ва бинои Ҳукумати Тоҷикистонро баррасӣ ва тасвиб кунанд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳамакнун вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар таътили тобистона ҳастанд.