Август 11, 2017 20:05 Asia/Dushanbe
  • Аввалин сафири Тоҷикистон дар Ҳабашистон таъйин шуд

Рӯзи 9-уми август нахустин сафири Тоҷикистон дар Ҳабашистон эътимодномаи худро ба раисҷумҳури ин кишвар супурд.

Ба гузориши сойти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Хусрав Нозирӣ, сафири тозатаъйини Тоҷикистон дар Ҳабашистон эътиборномаи худро ба Мулату Тешоме, раисҷумҳури ин кишвар дар Аддис-Абеба, пойтахти Ҳабашистон тақдим намуд.

Дар поёни маросими супурдани эътимоднома Мулату Тешоме изҳори умедворӣ кард, ки таъйини нахустин сафири Тоҷикистон дар Ҳабашистон ба густариши бештари муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Ҳабашистон мусоидат мекунад. Раисҷумҳури Ҳабашистон ба аҳамияти ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои мухталифи байналмилалӣ таъкид кард. Ҳамчунин раисҷумҳури ин кишвар дар ин дидор барои мардуму кишвари Тоҷикистон сулҳи пойдору пешрафт орзу карда, аз ҳайати тоҷик хост, дуруду паёми ӯро ба Эмомалӣ Раҳмон бирасонанд.