Афзоиши ҷарима барои нақзи қонуни танзими маросим дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 12 Aug 2017 04:16:31 GMT )
Август 12, 2017 09:16 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҷарима барои нақзи қонуни танзими маросим дар Тоҷикистон

Дар чорчӯби шиддат ёфтани мубориза бо афроди хилофкор ба далели нақзи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон, давлат тарҳеро барои тасвиб ба Маҷлиси намояндагони ин кишвар ироа кардааст, ки афзоиши ҷаримаи молии шаҳрвандони муқассирро мадди назар дорад.

Ба гузориши “Озодагон”, дар сурати ислоҳи ин қонун афроди хилофкор, ки ба нақзи ин қонун муттаҳам мешаванд, аз ҷумла кормандони давлат ба мизони 25 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд. Аммо агар рӯҳониёни мусалмон ва фаъолони бахши хусусӣ муттаҳам бошанд, бояд 35 ҳазор сомонӣ ҷаримаи молӣ пардохт намоянд. Ҳол он ки дар қонуни феълӣ мизони ҷаримаи молӣ барои ин афрод ба тартиб аз 12 то 13 ва аз 23 то 25 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда буд.

Ҳамчунин дар сурати такрори мавориди нақзи бандҳои Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим барои ин афрод ба тартиб пардохти ҷаримаи молӣ ба мизони 40 то 50 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон фармони баргузории нишасти фавқуллодаи Маҷлиси намояндагони ин кишварро дар рӯзи 23-юми август дар шаҳри Душанбе содир кард, ки дар ин нишаст қарор аст тарҳи ислоҳ ва тағйири қонунҳо Дар бора танзими анъана ва ҷашну маросим, Дар бораи муқаррароти давраҳои омӯзишҳои касбӣ пас аз поёни донишгоҳҳо ва марказҳои фаннӣ ва ҳирфаӣ, Дар бораи маориф, Қонуни ҷиноятӣ ва муҷозоти тахаллуфоти идорӣ ва Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бо Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар заминаи бунёди сохтмони ҷадиди парлумон ва бинои Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ ва тасвиб шавад.