Муқобила бо ҳиҷоби бонувон дар Наврӯзгоҳ ва Бемористони Қаряи Боло
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i21504-Муқобила_бо_ҳиҷоби_бонувон_дар_Наврӯзгоҳ_ва_Бемористони_Қаряи_Боло
Мухолифат бо ҳиҷоби исломии бонувон дар Тоҷикистон дар марказҳои умумӣ, тиҷорӣ ва дармонӣ сахттар шудааст.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Август 12, 2017 09:31 Asia/Dushanbe
  • Муқобила бо ҳиҷоби бонувон дар Наврӯзгоҳ ва Бемористони Қаряи Боло

Мухолифат бо ҳиҷоби исломии бонувон дар Тоҷикистон дар марказҳои умумӣ, тиҷорӣ ва дармонӣ сахттар шудааст.

Ба гузориши сайти “Варорӯд”, Ёқуб Ҳалимов, рӯзноманигори тоҷик аз низоъ бо маъмурони полис дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе бар сари рӯймоли ҳамсараш хабар додааст.

Ба гуфтаи ин рӯзноманигори тоҷик, ахиран дар вурудии Наврӯзгоҳи Душанбе гурӯҳе аз кормандони полис ва Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон аз бонувон мехостанд, ки рӯсариҳои худро тавре бипӯшанд, ки қисматҳои гардан, гӯш ва пешонии онон намоён бошад.

 Ёқуб Ҳалимов афзуд, ба заноне ки ба шеваҳои роиҷи дигар рӯсарии худро баста буданд, ба баҳонаи истифода аз фарҳанги бегона тазаккур дода мешуд ва ин афрод иҷозаи вуруд ба Наврӯзгоҳро намеёфтанд.

Ин рӯзноманигори муътақид аст, ки бештари аъзои коргурӯҳҳои вижаи муқобила бо ҳиҷоб дар бораи воҷиб будани пӯшиши қисматҳое аз бадани бонувон ҳеҷ иттилое надоранд.

Ҳамчунин сомонаи “Ахбор” дар гузорише аз Бемористони Қаряи болои шаҳри Душанбе таъкид мекунад, ки коргурӯҳҳои вижаи муқобила бо ҳиҷоб аз вуруди беморони боҳиҷоб барои мулоқот бо пизишкон ҷилавгирӣ ва таҳдид мекунанд, ки дар сурати нофармонӣ ҷаримаи молӣ хоҳанд шуд.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл Вазорати дохилаи Тоҷикистон хабарҳои марбут ба ҷарима шудани бонувони дорои русарӣ ва ҷавонони ришдорро рад карда буд.

Ин иқдомот бо вокуниши маҳофили рӯзноманигорӣ ва коршиносони тоҷик рӯбарӯ шудааст, ки дар шароите, ки ҳеҷ қонуне барои мамнуият доштани ҳиҷобу риш дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, иқдоми кормандони амниятӣ ва интизомӣ дар муқобила бо пӯшиши исломии бонувон худсарона маҳсуб мешавад.