Август 12, 2017 18:54 Asia/Dushanbe
  • Саудиҳо - сарпарасти тавлиди филми тавҳинкунанда алайҳи Эрон дар Тоҷикистон

Филми ҷанҷолие, ки ахиран аз яке аз шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон пахш шуд, ба манзури афзоиши таниш миёни Эрон ва Тоҷикистон ва бо дархости Арабистони Саудӣ сохта шудааст.

Александр Книязов, коршиноси сиёсии рус дар ёддошти ихтисосие, ки дар ихтиёри хабаргузории Форс қарор дод, ба баррасии ҳаводиси ахир дар Тоҷикистон ва интишори филми тавҳинкунанда алайҳи Эрон пардохт.

Дар ин ёддошт омадааст “Ин филм ба манзури афзоиши таниш миёни Эрон ва Тоҷикистон ва бо дархости Арабистони Саудӣ сохта шудааст”.

Ин мустанад дар мавриди ҷангҳои дохилии 1990 дар телевизиони Тоҷикистон пахш шуда, ки Эронро муттаҳам ба ҳимоят аз террористҳои тоҷик мекунад.

Ин филм ба таври хосс барои эҷоди ихтилоф миёни ду кишвар сохта шудааст.

Ба гуфтаи коршиносон дар ҳоле аст, ки Эрон яке аз аслитарин воситаҳо дар ҳалу фасли ҷангҳои дохилии даҳаи 1990 буд.

Дар Тоҷикистон бархе мӯътақиданд, ки тарафи эронӣ бо даъвати Муҳиддин Кабирӣ дар декабри 2015, робита байни ду кишварро сард кардааст.