Август 13, 2017 12:04 Asia/Dushanbe
  • Дидгоҳи намояндаи Маҷлиси Эрон дар бораи иллати иттиҳомзании Душанбе ба Теҳрон

Намояндаи Маҷлиси Эрон гуфт, ҳадафи мақомҳои Тоҷикистон аз иттиҳомзанӣ ба Эрон, тавҷеҳи рафтори худ дар баробари афкори умумии ин кишвар аст.

Муртазо Саффори Натанзӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Мизон”, бо ишора ба иддаои ахири вазорати кишвари Тоҷикистон дар бораи ҳимоятҳои молии Эрон аз қатли сиёсатмадорон ва донишмандони тоҷик дар солҳои даҳаи 90 милодӣ, ин иддао ва иттиҳомзаниро ба шиддат рад кард.

Вай афзуд, ин иттиҳом бо ҳадафи тавҷеҳи рафторҳои ахири мақомоти Тоҷикистон дар равобити бо Эрон матраҳ мешавад.

Узви Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон гуфт, дар ҳоли ҳозир мақомоти тоҷик зери савол ҳастанд, ки чаро равобити Эрон ва Тоҷикистон бад-ин шакл шудааст, бино бар ин онҳо барои ин ки ба наҳве аз посухгӯӣ ба саволоти мардуми худ дар бораи иллати коҳиши равобит бо Эрон фирор кунанд, ин қабил иттиҳомҳоро ба Эрон нисбат медиҳанд.

Саффори Натанзӣ таъкид кард, Эрон ҳамеша ба тавсеаи равобит бо Тоҷикистон тамоюл доштааст.