Сафари нахуствазири Тоҷикистон ба вилояти Суғд
(last modified Mon, 14 Aug 2017 14:59:56 GMT )
Август 14, 2017 19:59 Asia/Dushanbe
  • Сафари нахуствазири Тоҷикистон ба вилояти Суғд

Нахуствазири Тоҷикистон барои ошноӣ бо раванди иҷро ва бозсозии чанд тарҳи умронӣ ба вилояти Суғд сафар кард.

Ба нақл аз сомонаи иттилоърасонии раиси вилояти Суғд, Қоҳир Расулзода дар ин сафар аз раванди бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи барқӣ-обии Қайроқум боздид кард .

Қоҳир Расулзода таъкид кард, ки бозсозии ин нерӯгоҳ бояд то фасли сармо ба поён бирасад .

Нерӯгоҳи барқӣ-обии Қайроқум дар вилояти Суғд дар даҳаи 1950 қарни 20 ба баҳрабардорӣ расидааст ва ҳамакнун 18 дарсад аз барқи мавриди ниёзи сокинони вилояти Суғдро таъмин мекунад .

Пас аз бозсозӣ ва навсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи барқӣ-обии Қайроқум, зарфияти тавлиди барқ дар ин нерӯгоҳ аз 230 мегаватти феълӣ ба 242 мегаватт афзоиш хоҳад ёфт .

Бонки рушд ва бозсозии Аврупо барои бозсозии таҷҳизоти ин нерӯгоҳ, 74 миллион доллар эътибор ихтисос додааст .

Нахуствазири Тоҷикистон ҳамчунин бо раванди бозсозӣ ва таъмири роҳи иртиботии ноҳияҳои Исфара ва Конибодом то Маданият, ки 86 километр тӯл дорад, ошно шуд .

Қоҳир Расулзода ба мақомоти вилояти Суғд гуфтааст, ки тарҳи бозсозии ин роҳ бояд бар асоси барномаи ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2018 ба поён бирасад .