Ифтитоҳи поёнаи ҷадиди мусофирбарӣ дар шаҳри Душанбе
(last modified Tue, 15 Aug 2017 04:05:16 GMT )
Август 15, 2017 09:05 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи поёнаи ҷадиди мусофирбарӣ дар шаҳри Душанбе

Поёнаи ҷадиди мусофирбарии шаҳри Душанбе мавсум ба “Озод транс” кушоиш ёфт.

  Ба гузориши сомонаи шаҳрдории шаҳри Душанбе, сохти ин поёнаи ҷадид, ки ба сурати шубонарӯзӣ фаъолият мекунад, аз сӯи ширкати “Озод интернейшнл”, соли 2015 оғоз ва ахиран бо ҳузури мақомоти шаҳрдории Душанбе ба таври расмӣ ифтитоҳ шуд.

 Баҳрабардорӣ аз ин терминол имкон медиҳад, ки сокинони навоҳии шарқи Тоҷикистон назири Ваҳдат, Файзобод, Нуробод, Роғун ва водии Рашт аз хадамоти автобусҳо ва токсиҳои ширкати “Озод интернейшнл” барои расидан ба мақсад истифода кунанд.

 Ба таври ҳамзамон теъдоде аз микроавбусҳои масирҳои даруншаҳрӣ низ аз ин терминол, мусофиронро ҷо баҷо хоҳанд кард.

 Ин поёнаи мусофирбарӣ дар замине ба масоҳати наздик ба ду гектар сохта шудааст ва имкони истиқрор ҳамзамон 300 василаи нақлияи мусофирбариро  дорад.

 Барои сохти ин поёна, 3 миллиону 938 ҳазор сомонӣ ҳазина ва бо баҳрабардорӣ аз он, замина барои кори доими 40 нафар аз сокинони шаҳри Душанбе дар бахш хадамоти ин марказ фароҳам шудааст.