Август 15, 2017 20:40 Asia/Dushanbe
  • Сафари мақоми низомии Амрико ба Тоҷикистон

Фармондеҳи нерӯҳои заминии фармондеҳии Ситоди марказии Амрико рӯзи чаҳоршанбе, 16 август барои дидору гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон вориди Душанбе хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, генерал Майкл Гарретт дар пойтахти Тоҷикистон дар дидор бо мақомоти Вазорати дифоъ ва Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар мавзӯи ҳамкориҳои дуҷонибаи амниятию дифоӣ, авзои Афғонистон ва минтақаро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.

Ин нахустин дидори фармондеҳи нерӯҳои заминии фармондеҳии Ситоди марказии Амрико аз Тоҷикистон аст. Ӯ дар соли 2016 ба ду кишвари Осиёи Марказӣ, Қазоқистон ва Узбакистон сафар карда буд. Генерал Гарретт дар дидор бо мақомоти аршади низомии ин ду кишвар мавзӯи ҳамкориҳои дуҷониба, барномаи омӯзиши низомиёни қазоқу узбак дар марокизи омӯзишии Амрико ва авзои амниятии Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор дода буд. Ӯ ҳамчунин дар Қазоқистон бо мақомоти аршади низомии ин кишвар бар сари таҳияи барномаи панҷсолаи ҳамкориҳои амниятию дифоии дуҷониба, кумаки Амрико ба артиши Қазоқистон барои омӯзиши кадрҳои пизишкии низомӣ ва воҳидҳои муҳандисии хунсокунандаи мина ба тавофуқ расида буд.