Август 16, 2017 08:54 Asia/Dushanbe
  • Барканории раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба далели нақзи қонуни танзим

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Китобхонаи миллии ин кишварро аз кор барканор кардааст.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, Асадуллоҳ Раҳмон, муовини раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури кормандони Китобхонаи миллии ин кишвар бо қироати ҳукми Эмомалӣ Раҳмон дар бораи барканории Сайфиддин Назарзода, сабаби ин иқдомро нақзи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим дар ин кишвар ном бурдааст.

Пеш аз ин телевизиони давлатии Тоҷикистон бо пахши гузорише аз шеваи баргузории ҷашни арӯсии писари Назарзода, аз вай ба далели нодида гирифтани Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба шиддат интиқод карда буд.

Бар асоси ин гузориш, дар ҷашни арӯсии писари раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон 300 нафар ширкат карда буданд ва беш аз чаҳор мошин истифода шуда буд, ки нақзи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба ҳисоб меояд.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси ин қонун теъдоди меҳмонони ин маросим бояд 150 нафар ва теъдод мошинҳои истифодашуда ҳаддиаксар чаҳор дастгоҳ бошад.