Дидори Аслов бо роҳбари тозатаъини Хазинаи кӯдакони Созмони милали муттаҳид дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i21762-Дидори_Аслов_бо_роҳбари_тозатаъини_Хазинаи_кӯдакони_Созмони_милали_муттаҳид_дар_Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо роҳбари тозатаъини намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони милали муттаҳид UNICEF дар Тоҷикистон Лучиано Калестин дидор намуд.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 16, 2017 17:32 Asia/Dushanbe
  • Дидори Аслов бо роҳбари тозатаъини Хазинаи кӯдакони Созмони милали муттаҳид дар Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо роҳбари тозатаъини намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони милали муттаҳид UNICEF дар Тоҷикистон Лучиано Калестин дидор намуд.  

Ба иттилои Хабаргузории Форс, дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва UNICEF, инчунин татбиқи лоиҳаҳо дар Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳамчунин, ба татбиқи барномаи нави кишварии UNICEF барои солҳои 2016-2020 дар кишвар ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Зимни мулоқот роҳбари нави намояндагии UNICEF дар Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи худро ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон супорид.