Узвияти 95 сокини ноҳияи Бохтар дар гурӯҳҳои террористӣ  
(last modified Wed, 16 Aug 2017 16:36:39 GMT )
Август 16, 2017 21:36 Asia/Dushanbe
  • Узвияти 95 сокини ноҳияи Бохтар дар гурӯҳҳои террористӣ  

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Бохтар гуфт, таи панҷ сол 95 сокини ин ноҳия ба ҷангҳо дар хориҷи кишвар рафтаанд.  

Тибқи иттилои сайти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки аз 95 нафар 35 нафарашон ҷавононанд, ки бо мақсади иштирок дар амалиёти ҷангӣ ба давлатҳои хориҷӣ рафта, ба гурӯҳҳои террористӣ пайвастаанд.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки то имрӯз 17 ҷавони ноҳияи Бохтар дар ҳудуди давлатҳои даргир ба ҳалокат расидаанд.

Ба гуфтаи раисиҷумҳур, таи панҷ соли охир аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Бохтар 48 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ ошкор гашта, нисбати шахсони гунаҳкор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардид.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мақомоти амниятиву интизомӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва падару модарон, инчунин аҳли маориф ва зиёиён хост, ки барои рафъи чунин ҳодисаҳои номатлуб ва доғдоркунандаи номи неки миллат ва давлати тоҷикон корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни сокинон ва махсусан, наврасону ҷавонон ба таври ҷиддӣ тақвият кунанд.