Август 17, 2017 12:04 Asia/Dushanbe
  • Вазорати маорифи Тоҷикистон либоси ягонаи донишомӯзонро ироа кард

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дастуруламали навъи пӯшиши донишомӯзон дар муассисаҳои омӯзишии ин кишварро мунташир кард, ки либоси умумии писарон ва духтарон аст.

Ба гузориши сайти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар ин санади 40 сафҳаӣ, ки ба унвони либоси тавсияшуда барои донишомӯзон дар муассисаҳои омӯзишии ин кишвар мунташир шудааст, доштани ҳиҷоб барои духтарон ва риш барои писарон мамнуъ мебошад.

Дар ин санад таъкид шудааст, ки донишомӯзони духтар бояд аз пӯшидани ҳиҷоб, шалворҳои ҷинсу либосҳои аз зону боло, либосҳои порашуда ва ороиши зиёди сару сурат худдорӣ кунанд. Барои донишомӯзони писар низ доштани риш ва мӯйи баланд мамнуъ аст ва онон танҳо дар замистон метавонанд бо шалворҳои ҷинс ба дарс ҳозир шаванд.

Ҳамчунин ба духтарони донишомӯз тавсия шудааст, ки бо рӯсарии миллӣ, ки танҳо қисмати болои сарро мепӯшоанд ва ё кулоҳи чаҳоргӯшаи гулдӯзишуда метавонанд ба дарс ҳозир шаванд. Барои духтарон ва писарони донишомӯз пӯшидани пироҳанҳои дорои аломат ва нишонаи кишварҳои хориҷӣ мамнуъ шудааст.

Коршиносон мегӯянд, дастуруламали навъи пӯшиши донишомӯзон дар мактабҳои умумии Тоҷикистон аз либоси ягонаи донишомӯзони Узбакистон намунабардорӣ шуда, ки чанд соле аст дар мактабҳои ин кишвар ҷорӣ шудааст.