Август 18, 2017 19:45 Asia/Dushanbe
  • Мамнӯияти ҳамкории пизишкони тоҷик бо доруфурӯшон

Барои муқобила бо ришвахорӣ дар Тоҷикистон ҳамкории пизишкони ин кишвар бо ширкатҳои доруфурӯшӣ мамнӯъ шуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳамкории пизишкони тоҷик бо ширкатҳои доруфурӯшӣ дар ин кишвар мамнӯъ аст. Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон таъкид кард, ки манъи ҳамкории пизишкон бо ширкатҳои доруфурӯшӣ аз хостаҳои Кодекси тандурустии Тоҷикистон аст, ки ахиран дар ин кишвар иҷроӣ шудааст. Олимзода таъкид кард, ки фаъолияти ҳудуди 12 ширкат дар ин кишвар, ки бо пизишкон ҳамкорӣ доштанд, мутаваққиф шудааст. Ӯ мавориде аз ришвахорӣ дар муассисаҳои пизишкиро таъйид кард ва барои решакан кардани ин мушкили иҷтимоӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҳамкорӣ даъват намуда афзуд, ки бартараф кардани ин ҷурмҳо бидуни мушорикати шаҳрвандон ғайримумкин аст.

Вазири тардурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ маоши пизишкон дар моҳ аз 800 то 1500 сомонӣ муқаррар шудааст.