Коҳиши маҳдудияти нерӯи барқ дар Тоҷикистон
(last modified Fri, 18 Aug 2017 15:11:30 GMT )
Август 18, 2017 20:11 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши маҳдудияти нерӯи барқ дар Тоҷикистон

Вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон эълом кард, бо беҳбуди вазъияти зерсохти тавлиди барқ дар Тоҷикистон имсол дар фасли сармо маҳдудияти нерӯи барқ нисбат ба давраи мушобеҳи соли қабл камтар хоҳад шуд.

Ба навиштаи хабаргузории “Озодагон”, Усмоналӣ Усмонзода дар як нишасти хабарӣ гуфт, “ҳама талошҳоро ба харҷ медиҳем, то таъмини нерӯи барқ дар замистони 2017-2018 беҳтар шавад”. Вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон афзуд, Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба фаро расидани фасли сармо шахсан дастури коҳиши маҳдудияти нерӯи барқро содир кардааст. Ӯ тасреҳ кард: “Бар асоси дастури раисҷумҳури кишвар, имсол мо бояд барои Маркази барқу гармидиҳии Душанбе як миллиону 80 тонна ангишт омода кунем, ки ин яке аз корҳои асосӣ барои таъмини нерӯи барқ дар замистони имсол аст”. Вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон афзуд, соли гузашта дар моҳи октябр воҳиди аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо тавоноии 150 мегаватт оғоз ба кор кард ва воҳиди дувуми он моҳи декабри соли гузашта фаъол шуд.

Мақомот мегӯянд, танҳо дар сурати эҳдоси нерӯгоҳи “Роғун” маҳдудияти барқ дар ин кишвар комилан аз байн меравад.