Август 19, 2017 08:53 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии афзоиши даромади содироти барқи Тоҷикистон ба 120 миллион $

Ҳукумати Тоҷикистон эълом кардааст, ки қасд дорад то соли 2020 бо фурӯши 3 миллиард киловатт соат барқ 120 миллион доллар даромад ба даст оварад.

Ба гузориши сайти итилоърасонии ҳукумати Тоҷикистон, дар гузориши шохисҳои рушди ин кишвар барои солҳои 2018 то 2020 таъкид шудааст, ки содироти барқ ба хориҷ аз ин ҷумҳурӣ дар ин муддат ду баробар афзоиш хоҳад ёфт.

Аз ин рӯ, пешбинӣ мешавад, ки дар соли 2018 Тоҷикистон як миллиарду 400 миллион киловатт соат барқ ва дар соли 2019 содироти барқ ба як миллиарду 500 миллион киловатт соат хоҳад расид.

Аз сӯйи дигар, ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2020 қимати ҳар киловатт соат барқ дар ин кишварро барои бахши хонагӣ ва саноатӣ ба таври марҳилаӣ то 30 дарсад афзоиш диҳад.

 

Барчасп