Вазорати маориф ба масҷидҳо иҷозати омӯзиши динӣ намедиҳад
(last modified Sat, 19 Aug 2017 05:12:49 GMT )
Август 19, 2017 10:12 Asia/Dushanbe
  • Вазорати маориф ба масҷидҳо иҷозати омӯзиши динӣ намедиҳад

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба масҷидҳои ҷомеъ барои баргузории давраҳои омӯзиши динӣ иҷозатнома намедиҳад.

Ба гузориши хабаргузории “Озодагон”, Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи давлатии дин ва танзими ҷашну маросими миллии Тоҷикистон дар нишасте бо ҳузури хабарнигорон дар посух ба ин савол, ки навҷавонони тоҷик, ки довталаби таҳсил дар Донишкадаи исломӣ ҳастанд, таълимоти аввалияи диниро дар кадом марказҳо метавонанд омӯзиш бубинанд гуфт: “Пазириш дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон аз тариқи Маркази миллии тестӣ сурат мегирад ва аз довталабони ин донишкада бар асоси барномаи омӯзишии мадррасаҳои кишвар имтиҳон гирифта мешавад”.

Масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон дар ин нишаст ҳамчунин таъкид карданд, иттиҳодияҳои динӣ ва масҷидҳои ҷомеъ барои баргузории давраҳои омӯзиши улуми динӣ бояд аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муҷаввиз бигиранд, ки ин вазоратхона барои барпоии ин давраҳо муҷаввиз намедиҳад.

 Онҳо дар айни ҳол таъкид карданд, дар шароити феълӣ чунин давраҳо фақат дар масҷиди Маркази исломии Тоҷикистон қобили баргузорӣ аст.