Гузориши Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи авомили буҳрон дар низоми бонкии Тоҷикистон
Бонки Ҷаҳонӣ эълом кардааст, ки ташдиди буҳрон дар низоми бонкии Тоҷикистон дар соли 2016 реша дар соли 2013 ва коҳиш даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия дорад.
Ба гузориши сайти интернетии Бонки Ҷаҳонӣ, дар гузориши ахири ин ниҳоди молии ҷаҳонӣ таҳти унвони "Тоҷикистон: рушди устувор бо дурнамои норавшан" таъкид мешавад, ки дар соли 2013 шохиси нотавонии пардохти эътиборот дар ин кишвар аз 8 дарсади соли 2012 ба 15,9 дарсад афзоиш ёфта буд.
Аз ин рӯ бо ташдиди буҳрони молии Русия дар солҳои 2014 то 2016, коҳиши 30 дарсадии даромади ирсолии коргарони муҳоҷири Тоҷикистонӣ ва сар задани ошуфтагӣ дар бозори муомилоти дохилӣ, низоми бонкии ин ҷумҳурӣ дар остонаи варшикастагӣ қарор гирифт.
Ин авомил сабаби варшикастагии комил ва бекор шудани муҷаввизи фаъолияти ду бонки Тоҷпромбонк ва Фононбонк дар Тоҷикистон дар соли 2017 шуд.
Бар асоси гузориши Бонки Ҷаҳонӣ шохиси нотавонии пардохти эътиборот дар низоми бонкии Тоҷикистон аз 25 дарсад дар соли 2014 ба 54 дарсад дар соли 2016 афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин дар соли 2016 ва шаш моҳи нахусти имсол теъдоди зиёде аз муассисоти молӣ ва эътиборӣ дар Тоҷикистон дар пайи ташдиди буҳрони молӣ дар низоми бонкии ин кишвар фаъолияти худро мутаваққиф карданд.