Боздошти панҷ тоҷикистонӣ ба иттиҳоми ташкили шабакаи қочоқи муҳоҷирон дар Литва
Хадамоти марзбонии ҷумҳурии Литва дар каронаи баҳри Балтика, аз боздошти панҷ шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми ташкили шабакаи қочоқи муҳоҷирон ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо хабар доданд.
Ба гузориши сойти “Ахбор”, иттиҳоми ин афрод ташкили шабакаи ғайриқонунии интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон ба Иттиҳоди Аврупо, ҷаъли раводид ва таҳияи мӯҳрҳои тақаллубӣ унвон мешавад.
Дар гузориши Хадамоти марзбонии ҷумҳурии Литва таъкид мешавад, ки аз ибтидои имсол мақомҳои ин ниҳод ба думболи кашфи ин шабака буданд, ки ахиран натанҳо муҷриёни барномаи қочоқи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Иттиҳоди Аврупо, балки ҳомиёни паси пардагии ин гурӯҳ низ шиносоӣ ва боздошт шудаанд.
Гуфта мешавад, ки дар амалиёти Хадамоти марзбонии Литва, нахуст се шаҳрванди Тоҷикистон шомили як мард ва ду зан боздошт шудаанд, ки дар гузарномаи ин хонумҳо раводиди тақаллубии сафар ба Фаронса вуҷуд дошт.
Таҳқиқи ин ҳодиса нишон дод, ки марди боздошт шуда аз муддатҳо қабл ба қочоқи муҳоҷирони тоҷик ба Иттиҳоди Аврупо машғул будааст.
Дар идомаи ин амалиёт, чаҳор шаҳрванди дигари Тоҷикистон боздошт шудаанд, ки аъзои ин шабака ҳастанд ва бозҷӯӣ аз онон оғоз шудааст.
Тайи ду соли ахир наздик ба панҷ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо муҳоҷират кардаанд, ки теъдоде ба хотири кор ва иддае ҳам ба далели фишорҳои ҳукумат бар аъзо ва ҷонибдорони аҳзоби сиёсии мухолиф, маҷбӯр ба тарки ватан шудаанд.