Афзоиши муҳоҷирати тоҷикон ва коҳиши мушкилоти иҷтимоӣ  
(last modified Mon, 21 Aug 2017 04:49:34 GMT )
Август 21, 2017 09:49 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши муҳоҷирати тоҷикон ва коҳиши мушкилоти иҷтимоӣ  

Коршиноси руси масоили иҷтимоӣ муътақид аст, ки афзоиши муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷ, муҷиби коҳиши мушкилоти иҷтимоӣ дар дохили ин кишвар мешавад.

Ба нақл аз хабаргузории РИА Новости, Андрей Захватов, ки мутаваллиди Тоҷикистон ва акнун муқими Русия аст, бо ишора ба вуҷуди наздик ба ду миллион нафар коргари муҳоҷири тоҷик дар Русия, Қазоқистон ва Беларус гуфтааст, ки бо афзоиши муҳоҷирати шаҳрвандони тоҷикистонӣ ба хориҷ то андозае аз мушкилоти иҷтимоӣ назири бекорӣ дар дохили ин ҷумҳурӣ коста мешавад .

Вай таъкид кардааст, ки мизони болои бекорӣ дар Тоҷикистон ва афзоиши ҷамъият муҷиб шуд, ки дар даҳаи 1990 беш аз як миллион шаҳрванди ин кишвар ба Русия муҳоҷират кунанд, ки акнун садҳо ҳазор нафари онон тобеияти Русияро дарёфт кардаанд .

Ҳамчунин таи ин солҳо ҳазорон донишомӯхтаи тоҷикистонии донишгоҳҳои Русия ва Беларус, ба далели набуди иштиғол ва ночиз будани дастмуздҳо ба унвони мутахассис дар ин ду кишвар мондагор шуданд ва касби тобеият карданд .

Ба гуфтаи Захватов, дар солҳои ахир, вуруди мутахассисони тоҷик ба Амрико, Канада ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо низ дар ҳоли афзоиш аст .

Андрей Захватов муътақид аст, ки бо афзоиши миёнгини солона ду то дуву ним дарсадии ҷамъияти Тоҷикистон ва камбуди шадиди имконоти эҷоди ҷои кор дар ин кишвар, дар оянда низ раванди муҳоҷирати атбои ин ҷумҳурӣ ба хориҷ бавижа Русия ногузир хоҳад буд .