Август 14, 2016 10:27 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Украина

Мақомоти марзбонии Украина дар фурӯдгоҳи мавсӯм ба Бориспол дар Киев, пойтахти Украина як шаҳрванди Тоҷикистонро барои қарор доштан таҳти пайгарди байналмилалӣ ба иттиҳоми терроризм боздошт кардаанд.

Ба гузориши сойти Хадамоти марзбонии Украина, ин шаҳрванди 24 солаи Тоҷикистон ҳангоми вурӯд ба Украина бо парвози Истанбул- Киев боздошт шудааст ва акнӯн мавзӯи истирдоди вай ба кишвараш дар ҳоли баррасӣ мебошад.

Бар асоси ин гузориш, шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон, ки ба дархости мақомоти амниятии ин кишвар  дар феҳрести афроди таҳти таъқиби Пулиси байналмилал ба иттиҳоми терроризм қарор дорад, ба эҳтимоли зиёд ба кишвараш истирдод хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир раванди омодасозии асноди таҳвили ин шаҳрванди Тоҷикистон аз Украина ба мақомоти қазоии кишвараш идома дорад. Мақомоти марзбонии Украина аз ифшои номи ин шаҳрванди Тоҷикистон худдорӣ кардаанд.

Созмони амнияти миллии Украина пеш аз ин эълом карда буд, ки дар моҳи  июни имсол дар фурӯдгоҳи шаҳри Харков ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Истанбули Туркия омада буданд ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи мақомҳои ин созмон, номи ин ду шаҳрванди Тоҷикистон дар феҳристи афроди таҳти таъқиби пулиси байналмилал қарор дорад.

Бар асоси гузориши мақомоти амниятии Тоҷикистон беш аз як ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд.