Август 21, 2017 13:51 Asia/Dushanbe
  • “Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон” пароканда шуд?

Додоҷони Атовулло, роҳбари Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон шоми 20 август ҳини як баромадаш дар шабакаи Зелло эълон кард, ки аз муборизаи сиёсӣ даст кашида, кӯшиш мекунад, роҳи музокирот бо ҳукумати Тоҷикистонро пайдо кунад.  

Ба иттилои Вароруд, Додоҷони Атовулло сабаби даст кашидан аз мухолифат ва ҷӯстани роҳи музокиротро заифии мухолифони сиёсӣ дар баробари ҳукумати вақти Тоҷикистон унвон кард.

Аммо ин ҳарфҳои роҳбари созмони “Ватандор” ва АНСТ вокуниш ва сару садоҳои зиёде дар шабакаҳои иқтимоӣ ба бор овард.

Аксари корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук Додоҷони Атовуллоро ба он гунаҳкор мекунанд, ки «бо ҳукумати Тоҷикистон гап як карда”-аст.

Дар ҳамин росто, ду муовини раҳбари Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон, Шарофиддин Гадоев ва Собир Валиев дар саҳифаи фейсбукии худ эълон намуданд, ки сафи Анҷуманро бо ихтиёри худ тарк кардаанд.

Рӯзҳои охир Додоҷони Атовуллоҳ тавассути Интернет ба ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва раиси ин ташаккули умдаи мухолифин Муҳиддин Кабирӣ ба шиддат ҳамла кард, ки вокунишҳои зиддунақизеро ба бор овард. Бисёриҳо инро ҷузъе аз бозии калоне номиданд, ки мақомот бо ҳадафи ҷудоӣ андохтан дар сафҳои мухолифин ба роҳ андохтаанд.

Додоҷон Атовуллоев аз поёни соли 1992 дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад.

То ибтидои солҳои 200-ум ӯ дар Маскав зиндагӣ мекард, вале баъди чанд боздошташ бо дархости мақомоти Душанбе ва як сӯиқасд ба ҷонаш ба Олмон паноҳ овард ва дар инҷо ибтидо ҷунбиши "Ватандор” ва сипас Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистонро таъсис намуд.