Август 21, 2017 17:41 Asia/Dushanbe
  • Нашрияи русӣ: Амрико ба думболи пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон аст

Як нашрияи русӣ сафари мақомоти низомии Амрико ба Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистонро нишонае аз талоши амрикоиҳо барои тақвияти ҳузури низомии худ дар ин минтақа тавсиф кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, рӯзномаи русии “Независимая газета” дар матлабе бо ишора ба сафари ахири Майкл Гаррет, фармондеҳи артиши нирӯи заминии Амрико ба Душанбе барои баррасии вазъи сулҳу субот дар Кобул ва амнияти марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон навишт, бархе коршиносон мӯътақиданд, ки мавзӯи мавриди баҳс метавонад дар ҷиҳати ҳамкориҳои наздик ва танготанги низомии ду кишвар ва эҷоди як пойгоҳи низомии Амрико дар Тоҷикистон бошад.

Ин фармондеҳи артиши Амрико дар ин сафар бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шералӣ Мирзо, вазири дифо ва раиси Ситоди артиши ин кишвар дидор кард.

Ин дидорҳо дар ҳоле буд, ки пеш аз ин амният ва ҳифзи марзҳои Афғонистон ва Тоҷикистон бар ӯҳдаи марзбонони Русия будааст.

Аз онҷо, ки бузургтарин пойгоҳи низомии Русия (201) дар хориҷ аз кишвар дар Тоҷикистон қарор дорад, фаъолияти ҳар гуна нируи низомии хориҷӣ дар ин кишвар барои Маскав хатти қирмиз маҳсуб мешавад.

 

Барчасп