Август 22, 2017 12:20 Asia/Dushanbe
  • Осонсозии дарёфти патент барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Маскав  

Маркази муҳоҷиратии Маскав барои корбарони муҳоҷир саҳифаи шахсӣ роҳандозӣ кардааст.

Ба иттилои Спутник, ин саҳифа имкон медиҳад, ки муҳоҷир ҷараёни омода шудани патент ё муҷаввизи кори худро онлайн ё бархатт пайгирӣ кунад.

Саҳифаи шахсӣ ҳамчунин имкон медиҳад, ки муҳоҷир дар ин сафҳа ҳазинаи муҷаввизашро пардохт кунад. Ҳамчунин корбар метавонад пешинаи пардохтҳои худро баррасӣ кунад ва паёмакҳоро хонда ва дар сурати иваз шудани рақами телефон онро аз сари нав таҷдид кунад.

Ҳамакнун бо ёрии ин сафҳа пур кардани суратҳисоби пардохти ҳазинаи муҷаввиз осонтар мешавад. Сарбарги ин суратҳисоб дар саҳифаи корбарон бо ҳама додаҳои лозим дар бораи муҳоҷир пайдо мешавад, бояд танҳо муддати замони эътибори муҷаввизро дар сарбарг навишт.

Саҳифаи шахсӣ ҳангоми таҳияи асноду мадорик барои дарёфти муҷаввиз барои ҳар як муҳоҷир боз мешавад.

Акнун гирифтани патент осонтар мешавад. Фақат бояд ҳуҷҷатҳоро ба маркази муҳоҷиратӣ супорида дар саҳифаи инфиродӣ ҳолати омодашавии онро назорат кард.

 

Барчасп