Август 23, 2017 09:00 Asia/Dushanbe
  • Барҳамхурии яке аз созмонҳои мухолифи давлати Душанбе

Шӯрои раёсати Анҷумани Нерӯҳои Созандаи Тоҷикистон, ки як созмони сиёсии мухолифи давлати Душанбе дар хориҷ аз ин кишвар аст, бо интишори баёнияе аз барҳам хурдани ин созмон хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Варорӯд”, иллати таътилии Анҷумани Нерӯҳои Созандаи Тоҷикистон сӯиистифодаи бархе аз аъзои Шӯрои раёсати ин созмони сиёсӣ аз номи ин созмон барои аҳдофи муғризона, пойбанд набудан ба паймонҳои он, тавҳин ба шахсиятҳои сиёсии мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ва талош барои гуфтугӯ бо маҳофили наздик ба давлати Душанбе унвон шудааст.

Дар баёнияи ин созмони сиёсӣ бо ишора ба нишасти фавқуллодаи аъзои Шӯрои раёсати Анҷумани Нерӯҳои Созандаи Тоҷикистон, ки бо ҳузури чаҳор нафар аз 7 узви он ташкил шуд, омадааст: “Аъзои ҳозир дар ин ҷаласа тасмим гирифтанд, ба таври расмӣ қатъи комили фаъолиятҳои ин созмони мухолифи давлати Душанберо эълом кунанд.

Чанд рӯз қабл низ Шарофиддин Гадоев, Собир Валиев, Сулаймон Давлатов ва аксар аз аъзои Шӯрои раёсати Анҷумани Нерӯҳои Созандаи Тоҷикистон дар сафҳаи фейсбукии худ эълом карданд, ки довталабона аз ин анҷуман хориҷ шудаанд.

 Иллати ин иқдом, ки дар ниҳоят ба қатъи фаъолияти ин созмони сиёсӣ мунҷар шуд, баҳсҳои ҷанҷолии ахири Додоҷони Атовуллоҳ, раиси Анҷумани Нерӯҳои Созандаи Тоҷикистон буд.

Вай дар ин мусоҳиба бо тавҳин ба бархе нерӯҳои мухолифи давлати Душанбе, аз ҷумла масъулони Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистон эълом карда буд, ки ба иллати заъфи мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон аз ҷабҳаи мухолифон хориҷ мешавад ва талош мекунад барои музокира бо ҳукумат роҳе биёбад.

Ин суханони раиси Анҷумани Нерӯҳои Созандаи Тоҷикистон вокунишҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар пай доштааст ва бештари корбарони Фейсбук Додоҷони Атовуллоҳро ба созиш бо ҳукумати Тоҷикистон муттаҳам кардаанд.

 

Барчасп