Баёнияи вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи таҳаввулот дар Сурия
Ба гузориши Порс Тудей, вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе ва дар пайи таҳаввулоти ахир дар Сурия, ки ба суқӯти давлати ин кишвар мунҷар шуд, баёнияе ба шарҳи зер содир кард.
Матни комили баёния:
Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти ахир дар Сурия, зимни ёдоварии мавзеи усӯлии Эрон мабнӣ бар эҳтиром ба ваҳдат, ҳокимияти миллӣ ва тамомияти сарзаминии Сурия, таъкид мекунад, ки таъйини сарнавишту тасмимгирӣ дар мавриди ояндаи Сурия танҳо бар ӯҳдаи мардуми ин кишвар, бидуни мудохилаи мухарриб ё таҳмили хориҷӣ аст.
Таҳаққуқи ин муҳим мусталзими поёни ҳарчӣ сареътари даргириҳои низомӣ, мамониат аз иқдомоти террористӣ ва шурӯи гуфтугуҳои миллӣ бо мушорикати ҳамаи тайфҳои ташкилдиҳандаи ҷомеаи Сурия ҷиҳати ташкили ҳокимияти фарогир, ки намояндаи ҳамаи мардуми Сурия бошад, аст.
Ҷумҳурии Исломии Эрон аз созу корҳои байналмилалӣ бо меҳварияти қатъномаи 2254 Созмони Милали Муттаҳид барои пайгирии раванди сиёсӣ дар Сурия ҳамчун гузашта ҳимоят карда ва ба таомули созанда бо Созмони Милали Муттаҳид дар ин замина идома медиҳад.
Дар ин вазъият, ки Сурия дар даврае хатир аз таърихи худ қарор дорад, таъмини амнияти ҳамаи шаҳрвандони сурӣ ва атбои соири кишварҳо ва низ ҳифзи ҳурмати амокини муқаддаси мазҳабӣ ва ҳамчунин ҳифозат аз амокини дипломатӣ ва консулии вифқи мавозини ҳуқуқи байналмилал бисёр зарурӣ аст.
Равобити 2 миллати Эрону Сурия пешинае дерина дошта ва ҳамвора дӯстона будааст ва интизор меравад, ин равобит бо рӯйкарди ҳакимона ва дурандешонаи 2 кишвар бар асоси алоиқу манофеи муштарак ва амал ба тааҳҳудоти ҳуқуқии байналмилалӣ тадовум ёбад.
Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар ҷойгоҳи Сурия ба унвони кишвари муҳиму таъсиргузор дар минтақаи Ғарби Осиё, аз ҳеҷ кӯшише барои кумак ба истиқрори амнияту субот дар Сурия дареғ нахоҳад карду бад-ин манзур ба ройзаниҳои худ бо ҳамаи тарафҳои асаргузор бавижа дар минтақа идома хоҳад дод.
Бадеҳист, Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни расади дақиқи таҳаввулоти Сурия ва минтақа ва бо дар назар гирифтани рафтор ва амалкардҳои бозигарони муассир дар саҳнаи сиёсӣ ва амниятии Сурия, рӯйкардҳо ва мавозеъи мутаносибро иттихоз хоҳад кард.