Август 23, 2017 10:57 Asia/Dushanbe
  • Бонки Рушди АвруОсиё: Тадобири муваққат барои буҳрони иқтисодии Тоҷикистон бефоида аст

Бонки Рушди авруОсиё эълом кардааст, ки тадобири муваққат ва кӯтоҳмуддат барои ислоҳи авзои иқтисодии Тоҷикистон муҷиби афзоиши таваррум ва қимати маҳсулот дар ин кишвар хоҳад шуд.

Ба гузориши сомонаи Бонки Рушди АвруОсиё, ин ниҳоди молии минтақаӣ дар гузориши моҳонаи худ, ки ба баррасии авзои иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2017 ихтисос дорад, таъкид мекунад, ки набуди субот дар бозори муомилоти арзӣ, коҳиши даромади ирсоли коргарони муҳоҷир ва афзоиши қиматҳо муҷиби ташдиди буҳрони молӣ дар ин кишвар хоҳад шуд.

Бар асоси ин гузориш, бо вуҷуди пешбинии Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи таварруми 7 дарсадӣ дар шаш моҳи нахусти имсол, сатҳи таваррум дар ин кишвар ба 9 дарсад расидааст.

Ҳамчунин ба далели коҳиши арзаи маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ дар бозорҳои Тоҷикистон қимати себзаминӣ, пиёз ва сабзӣ (ҳавич) дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба ду баробар шудааст.

Аз сӯйи дигар, ба таври миёнгин арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ моҳона 2 дарсад коҳиш ёфта ва бозори муомилоти дохилии ин кишварро дучори ошуфтагӣ кардааст.

Чанде қабл ҳайати эъзомии Бонки Рушди авруОсиё дар сафари 4 рӯза ба Душанбе, бо мақомоти Тоҷикистон дидор ва раванди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кард.

Ин ҳайат бо баррасии авзои иқтисодии Тоҷикистон ва таъкид бар зарурати идомаи ислоҳоти иқтисодӣ дар ин кишвар, озодии бештари фаъолияти бахши хусусиро хостор шудааст.

 Дар дидори ин ҳайат бо намояндагони вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои мухталифи Тоҷикистон, бар зарурати тавофуқ дар бораи танзими ҷадвали бозпардохти қарз байни Бонки Рушди АвруОсиё ва Тоҷикистон таъкид шуд, ки дар сурати даст наёфтан ба тавофуқ, идомаи ин раванд метавонад муҷиби қатъи кӯмакҳои ин бонк ба Тоҷикистон шавад.

 

Барчасп