Ҷавони муҳоҷири тоҷик ҳадафи зиндаи маъмурони полиси Русия
(last modified Wed, 23 Aug 2017 07:46:01 GMT )
Август 23, 2017 12:46 Asia/Dushanbe
  • Ҷавони муҳоҷири тоҷик ҳадафи зиндаи маъмурони полиси Русия

Маъмурони полиси шаҳри Екатеринбурги Русия аз як ҷавони муҳоҷири тоҷикистонӣ “ҳадафи зинда” сохтанд ва барои тамрини тирандозӣ ӯро нишон гирифтанд ва ба самташ тир холӣ карданд.

Ба гузориши нашрияи маҳаллии “Новий ден”, маъмурони полиси шаҳри Екатеринбурги Русия нимаҳои шаб як шаҳрванди тоҷикистонии 30 -солаи муҳоҷирро дар истгоҳи Максим Горкий дастгир карданд ва барои озмоиши силоҳи камарии худ аз вай “ҳадафи зинда” сохтанд, ки дар ин тамрини тирандозӣ яке аз тирҳои онон ба сари ин шаҳрванди тоҷикистонӣ бархурд кардааст.

Ин ҳодиса баъд аз он ошкор шудааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон баъд аз гузашти чанд рӯз ба бемористон интиқол ёфтааст ва пизишкон мутаваҷҷеҳи шиллики тир ба сари вай шудаанд.

Иллати боздошти аввалияи ин муҳоҷири тоҷикистонӣ, ки таҳти дармон қарор дорад, ҳанӯз мушаххас нест, вале гуфта мешавад маъмурони полиси рус маст буда ва тасмим доштаанд бо ин кор тафреҳ ва хушгузаронӣ кунанд.

Дар ин замина як афсари 37 -солаи полис, ки ба сари ин муҳоҷири тоҷик шиллик кардааст, дастгир ва барои ӯ тибқи банди 116-и қонуни ҷиноии Русия парванда ташкил шудааст.

Бо ин ҳол шӯъбаи бозҷӯии шаҳрӣ иттиҳоми афсари боздоштшударо сӯиистифода аз мавқеияти шуғлӣ унвон карда ва вайро ба ҳабси хонагӣ фиристодааст.