Ҳиҷоби исломӣ дар азо ва туй ҳам мамнуъ шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i22130-Ҳиҷоби_исломӣ_дар_азо_ва_туй_ҳам_мамнуъ_шуд
Маҷлиси намояндагон рӯзи 23 август барои бори аввал пӯшидани ҳиҷобро қонунан манъ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 23, 2017 18:34 Asia/Dushanbe
  • Ҳиҷоби исломӣ дар азо ва туй ҳам мамнуъ шуд

Маҷлиси намояндагон рӯзи 23 август барои бори аввал пӯшидани ҳиҷобро қонунан манъ кард.

Ба иттилои Ахбор, барои бори аввал дар Тоҷикистон қонуне қабул шуд, ки пӯшидани ҳиҷобро ҳадди ақал дар тӯю маъракаҳо танзим мекунад.

Дар қонуни танзими расму ойин моддаи 14, прим 1 илова шуд, ки дар он омадааст: “Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз намоянд”.

Масъалаи ҳиҷоб дар парлумон зимни баррасии тағйирот ба қонуни танзим аслан баҳс нашуд, вале вакилон ин илова ба қонунро якдилона қабул карданд.

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ки алакай ин тағйироти воридшуда ба мақомот имккон медиҳад, ки шаҳрвандонро барои пӯшидани либоси, ба ақидаи онҳо, бегона муҷозот кунанд.

Замони қабули ин тағйиру иловаҳо, раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода низ ҳузур дошт.

Аслиддин Давлатзода, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд: “Ба аъзои комиссияи танзим ин қонун салоҳияти зиёд медиҳад. Ва онҳо метавонанд ҳадди ақал соҳиби маъракаро барои дар маросими тӯй ё азояш ҳузур доштани занони ҳиҷобпӯш ҷаримаи калон банданд ва ин ҷаримаҳо андак нест. То 30 ҳазору 40 ҳазор сомонӣ рафта мерасад”.

 

Давлати Тоҷикистон дар ҳоле барои бори нахустин аз тариқи қонун ба манъи пӯшидани либосҳои бегона иқдом кард, ки дар моҳҳои охир дар ин кишвар як маъракаи рӯ ба авҷи мубориза бо либосҳои бегона мушоҳида мешавад.

Ба гуфтаи шоҳидон, намояндагони мақомот бо баргузории рейдҳои махсус дар кӯчаву бозорҳо ва ҳатто дар бемористонҳо ва дигар муассисаҳо занонеро, ки сатру ҳиҷоб мепӯшанд, маҷбур мекунанд, ки рӯёмоли худро ба таври тоҷикӣ, яъне кӯтоҳ ва ба тарафи пушт банданд.

Вале масъулони ин рейдҳо, ки асосан бо ташаббуси Кумитаи занон ва оила доир мешаванд, мегӯянд, онҳо танҳо бо усули фаҳмондадиҳӣ бо занони ҳиҷобпӯш бархӯрд мекунанд.