Шикояти Сайфиддин Назарзода аз Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон
(last modified Thu, 24 Aug 2017 04:39:19 GMT )
Август 24, 2017 09:39 Asia/Dushanbe
  • Шикояти Сайфиддин Назарзода аз Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон

Сайфиддин Назарзода, раиси барканоршудаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба далели пахши гузориши ғайривоқеӣ дар бораи маросими арӯсии писараш, ки муҷиби барканории вай шуд, алайҳи Шабакаи якуми телевизиони давлатӣ шикоят кардааст.

Ба гузориши сайти “ТОП.тҷ”, Ғайрат Сангинзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гуфтааст, ки феълан наметавонад дар бораи шикояти раиси барканоршудаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз Шабакаи яки телевизиони давлатӣ тавзеҳ диҳад.

Сангинзода гуфтааст: “Имкон дорад, ки Сайфиддин Назарзода пас аз тавзеҳи ман дар бораи ин моҷаро гумон кунад, ки инҷониб дар қиболи қазияи барканории вай ба далели нақзи қонуни танзими ҷашну маросим, мунсифона амал нахоҳам кард”.

Рӯзи ҳаштуми август Шабакаи яки телевизиони давлатии Тоҷикистон бо пахши гузорише аз шеваи баргузории ҷашни арӯсии писари Назарзода аз вай ба далели нодида гирифтани қонуни танзими ҷашну маросим ба шиддат интиқод карда буд.

Бар асоси ин гузориш, дар ҷашни арӯсии писари раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон 300 нафар ширкат карда буданду беш аз чаҳор мошин истифода шуда буд, ки нақзи қонуни танзими ҷашну маросим ба ҳисоб меояд.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси ин қонун теъдоди меҳмонони ин маросим бояд 150 нафар ва теъдоди мошинҳои истифодашуда ҳаддиаксар чаҳор дастгоҳ бошад.

Аммо Сайфиддин Назарзода мегӯяд, қонуни танзими ҷашну маросимро нақз накардаву пахши ин гузориш аз Шабакаи яки телевизиони давлатии Тоҷикистон кори дасти бадхоҳон мебошад.