Август 24, 2017 10:26 Asia/Dushanbe
  • Сахттар шудани қонун барои донишҷӯёни мошинсавор ва ронандагони маст

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар нишасти фавқуллодаи рӯзи 23 –уми август бо ислоҳи ду қонун, ҳозир шудани донишҷӯёнро бо мошини шахсӣ дар марказҳои омӯзишӣ мамнуъ ва бархе ҷаримаҳои ронандагиро афзоиш дод.

Ба гузориши сайти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, маҷлиси қонунгзории ин кишвар бо ислоҳи Қонуни маориф, банди ихроҷи донишҷӯёнеро, ки бо мошини шахсӣ ба марказҳои омӯзишӣ меоянд, тасвиб кард.

Бо тасвиби ин ислоҳия донишҷӯёни ихроҷшуда аз донишгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳои фаннӣ - ҳирфаии Тоҷикистон ба далели нақзи қонуни омӯзишу парвариш аз ҳаққи вуруди дубора ба ин марказҳо барои идомаи таҳсил ба муддати се сол маҳрум хоҳанд шуд.

Нуриддини Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, ки тарҳи ислоҳи Қонуни маорифро ба Маҷлиси намояндагони ин кишвар ироа карда буд, гуфтааст, ки волидайни донишҷӯёни хилофкор низ барои саҳлангорӣ ва дар ихтиёри фарзандони хеш қарор додани мошинҳояшон бар асоси Қонуни масъулияти волидайн дар тарбияти фарзандон муҷозот хоҳанд шуд.

Маъмулан ин муҷозот шомили ҷаримаи молӣ мешавад, ки акнун бо ислоҳи чанд қонун дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон маблағи он ба таври қобили мулоҳизае афзоиш ёфтааст.

Намояндагони маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон ҳамчунин бо ислоҳи қонунҳои ҷиноӣ ва тахаллуфоти идорӣ, ки раиси ҷумҳурии ин кишвар пешниҳод карда буд, муҷозоти ронандагонеро, ки сабаби рух додани тасодуфот дар роҳҳои ин ҷумҳурӣ ва марги шаҳрвандон мешаванд, ба 15 сол афзоиш доданд.

Пеш аз ин муҷозоти ронандагоне ки дар ҳолати мастӣ сабаби марги шаҳрвандон мешуданд, танҳо ду соли маҳрумият аз ронандагӣ ва 15 ҳазор сомонӣ ҷарима буд.

Бар асоси ислоҳияи ҷадид ҳамчунин дар сурати ронандагӣ дар ҳолати мастӣ бидуни тасодуф, афроди мутахаллиф ба 15 рӯзи ҳабс ё ҷаримаи молӣ ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва ё панҷ сол маҳрумият аз ҳаққи ронандагӣ маҳкум мешаванд.

Барои афроде ки бидуни доштани гувоҳиномаи ронандагӣ пушти фармони мошинҳо менишинанд, низ ҷаримаи молии 20 ҳазор сомонӣ дар назар аст.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо ироаи ин ислоҳия ба Маҷлиси намояндагон гуфтааст, дар ҳашт моҳи нахусти имсол дар роҳҳои ин ҷумҳурӣ 15 ҳазор мавриди ҳодисаи ронандагӣ рух дода, ки марги беш аз панҷ ҳазор нафар ва захмӣ шудани беш аз 18 ҳазор нафар аз шаҳрвандонро муҷиб шудааст.

Раҳимзода таъкид кардааст, ки дар ин тасодуфот ду ҳазору 500 нафар бидуни доштани гувоҳиномаи ронандагӣ ва ҳазору 700 тан низ дар ҳолати мастӣ саҳим будаанд.