Август 25, 2017 15:40 Asia/Dushanbe
  • Сафари нахустин ҳайати пизишкони Узбакистон ба Душанбе

Пас аз солҳо сардии равобити Душанбе ва Тошканд нахустин бор як ҳайати пизишкон аз Узбакистон вориди Тоҷикистон шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ҳадаф аз сафари дурӯзаи ин ҳайати пизишкон ба Душанбе табодули таҷриба байни пизишкони узбаку тоҷик дар заминаи мубориза алайҳи бемории сил унвон шудааст. Ин ҳайати пизишкон дар чорчӯби Барномаи мубориза алайҳи бемории сил дар Осиёи Марказӣ, ки аз сӯйи Ожонси тавсеаи байналмилалии Амрико иҷро мешавад, аз маркази вижаи бемориҳои сили Фарҳангистони тиббии Узбакистон ба Тоҷикистон эъзом шудааст.

Созмони тавсеаи байналмилалии Амрико пеш аз ин аз иҷрои як барномаи панҷсолаи мубориза алайҳи бемории сил дар Осиёи Марказӣ хабар дода буд.

 

Барчасп