Август 14, 2016 11:44 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар ҳамкории наздики Бонки Ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон

Намояндаи ҷадиди Бонки Ҷаҳонӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар дидор бо мақомоти Тоҷикистон бар тааҳудоти ин ниҳод барои ҳамкории наздик бо ин кишвар таъкид кард.

Ба гузориши сойти Бонки Ҷаҳонӣ, хонум Лия Брунчик, ки барои дидори ду рӯза бо мақомоти Тоҷикистон ба ин кишвар сафар карда, дар гуфтугӯ бо раисиҷумҳур, нахуствазир, вазирони молия, иқтисоди ва тиҷорат, мудирияти Бонки миллии ин кишвар бар зарурати густариши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид кард.

Вай аз ихтисоси кӯмаки молии 357 миллион долларии Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои иҷроӣ кардани 23 тарҳ дар заминаи рушди бахши хусӯсӣ, энержӣ, беҳдошт ва дармон, омӯзиш ва парвариш, обрасонӣ ва хадамоти шаҳрӣ хабар дод, ки дар чанд марҳала анҷом хоҳад шуд.

Вай бо ширкат дар ҳамоиши тарҳи тармим ва бозсозии нерӯгоҳи барқӣ обии Норак дар Душанбе, ширкат ва суханронӣ кард ва бо сафар ба шаҳри Норак бо фаъолияти ин нерӯгоҳ аз наздик ошно шуд.

Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ таъкид шудааст, ки тайи 23 сол ҳамкории ин ниҳод бо Тоҷикистон, беш аз 1 миллиард доллар ба тарҳҳои мухталифи зербиноӣ ва хадамоти ин кишвар кӯмаки молӣ ихтисос ёфтааст.