Август 27, 2017 10:48 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 2 тоҷик ва 11 афғон дар марзи Беларус ва Литва

Кумитаи давлатии марзбонии ҷумҳурии Беларус, аз боздошти 11 шаҳрванди Афғонистон ва 5 роҳибалади онон, 2 шаҳрванди Тоҷикистаон ва 3 нафар аз шаҳрвандони Беларус дар марзи муштараки ин кишвар бо ҷумҳурии Литва хабар додааст.

Ба гузориши сойти Кумитаи давлатии марзбонии ҷумҳурии Беларус, алайҳи ин 2 шаҳрванди Тоҷикистон ва атбои Беларус ба иттиҳоми мушорикат дар қочоқи муҳоҷирони афғонистонӣ ба Аврупо, парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.

Дар баёнияи Кумитаи давлатии марзбонии ҷумҳурии Беларус таъкид шудааст, ки бо иқдоми ба мавқеи ин ниҳод ва кумаки нерӯи интизомии ин кишвар, тайи як амалиёти шабона, шабакаи қочоқи муҳоҷирони афғонистонӣ ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо муталошӣ шуд. Гуфта мешавад, ки марзбонон ва пулиси Беларус дар ҷараёни ин амалиёт бо истифода аз таслиҳот ва мутаваққиф кардани 4 худрав дар наздикии марзи Беларус бо Литва, 16 нафарро боздошт кардаанд. Бар асоси қавонини ҷиноии Беларус додгоҳҳои ин кишвар метавонанд, аъзои шабакаи қочоқи муҳоҷирон ба Иттиҳоди Аврупоро ба 7 сол зиндон бо мусодираи амвол ва дороии онон маҳкум кунанд.

Ҳафтаи қабл низ Хадамоти марзбонии ҷумҳурии Литва аз боздошти панҷ шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми ташкили шабакаи қочоқи муҳоҷирон ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо хабар дода буд.