Тардид дар бораи пардохти нафақаи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия
Коршиноси мустақили равобити Русия ва Тоҷикистон дар мавриди ҳалли мушкили дарёфти нафақаи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия, ибрози тардид кардааст.
Ба гузориши “Спутник”, Михаил Петрушков раҳбари Ассотсиатсияи таҳқиқоти сиёсат ва идораи давлатии Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе, гуфтааст, ки ҳалли ин мавзу бисёр печида ва мушкил мебошад. Зеро аксари коргарони муҳоҷири тоҷикистоние, ки тайи 2 даҳаи ахир дар Русия фаъолият кардаанд барои сандуқи бознишастагии ин кишвар чизе пардохт накардаанд, ки битавон барои онон аз ҳисоби ин сандуқ ҳуқуқи бознишастагӣ таъйин кард. Аммо дар Тоҷикистон низ онон ба далели ҳузур дар Русия на молиёт ба буҷаи давлати хеш ва на ба сандуқи бознишастагии ин кишвар, пуле пардохт кардаанд. Аз ин рӯ, агар ҳам ба далели пирӣ ва надоштани тавони кор дар Тоҷикистон барои ин афрод нафақа пардохт шавад ба андозае ночиз аст, ки барои зиндагии онон кифоят намекунад.
Михаил Петрушков таъкид мекунад, ки агар ҳам Душанбе ва Маскав бар сари пардохти нафақаи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, аз ҳисоби сандуқи бознишастагии Русия ба тавофуқ бирсанд, ин созишнома танҳо шомили афроде хоҳад шуд, ки ҳангоми кор дар Русия молиёт, бимаи дармонӣ ва маблағе ба унвони ҳаққи бознишастагӣ пардохт кардаанд, ки теъдоди ин арқом чандон зиёд нест.
Қаблан мақомоти вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар бораи ҳалли мавзуи дарёфти нафақа барои коргарони муҳоҷири ин кишвар дар Русия, дар соли 2018 ибрози хушбинӣ карда буданд.