Зоиров: Ҳизбҳо дар таъйини сарнавишти Тоҷикистон нақше надоранд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i22272-Зоиров_Ҳизбҳо_дар_таъйини_сарнавишти_Тоҷикистон_нақше_надоранд
Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, дар ин ҷумҳурӣ, амалан танҳо Ҳизби халқӣ-демократӣ фаъол аст ва соири аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ, дар сарнавишти кишвар нақше надоранд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 27, 2017 08:32 Asia/Dushanbe
  • Зоиров: Ҳизбҳо дар таъйини сарнавишти Тоҷикистон нақше надоранд

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, дар ин ҷумҳурӣ, амалан танҳо Ҳизби халқӣ-демократӣ фаъол аст ва соири аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ, дар сарнавишти кишвар нақше надоранд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Раҳматуллоҳ Зоиров ҳамчунин дар вокуниш ба пешниҳоди таваққуфи фаъолияти ин ҳизб, гуфт, бо вуҷуди тамоми мушкилот, Ҳизби сотсиал-демократ ба муборизаҳои сиёсии худ барои расидан ба аҳдофаш идома хоҳад дод.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон пешниҳоди Алим Шерзамонов, масъули ин ҳизб дар вилояти Бадахшонро, ки хостори таваққуфи муваққати фаъолияти ҳизб шуда буд, ғайри мантиқӣ донист.

Шерзамонов пешниҳод карда буд, ба далели номуносиб будани фазои сиёсӣ дар Тоҷикистон, фаъолияти Ҳизби сотсиал-демократ муваққатан таътил шавад.

Зоиров таъкид кард, ҳамаи аҳзоб бояд ба манзури расидан ба аҳдофи худ, дар чорчӯби қавонини кишвар ба фаъолият идома диҳанд.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон яке аз ҳафт ҳизби расмии Тоҷикистон ва дорои 12 ҳазор узв аст.

Ҳамакнун 70 дарсад аз аъзои ин ҳизб дар Русия ва Қазоқистон фаъолият мекунанд.