Август 27, 2017 23:34 Asia/Dushanbe
  • Дархости Бобоҷони Шафеъ аз шахсиятҳои фарҳангии Эрону Тоҷикистон

Коршиноси сиёсии тоҷик муътақид аст барои беҳбуди равобити байни Тоҷикистону Эрон бояд фарҳангиёни ду кишвар мубтакири иқдомоти муассиру созанда шаванд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Бобоҷони Шафеъ, коршиноси сиёсии тоҷик бар зарурати нақшофаринии ниҳодҳову шахсиятҳои фарҳангӣ дар ҷиҳати беҳбуди равобити байни Тоҷикистону Эрон таъкид кард.

Шафеъ афзуд, ҳамеша вақте аз иртиботи байни Тоҷикистону Эрон суҳбат ба миён меояд, ман шахсан ёди гузаштаи торихӣ меуфтам, гузаштае ки барои Тоҷикистону Эрон саршор аз ифтихороти муштараки фарҳангӣ будааст. Бинобар ин фикр мекунам ду миллате ки дорои забону пешинаи пурифтихори муштарак мебошанд, қодир ба пайдо кардани роҳи ҳалли мушкилоти сиёсӣ низ хоҳанд буд. Зеро то чанд соли пеш аз ҳамкориҳои байни Душанбеву Теҳрон ба унвони "мушорикати стротежики табиӣ" ва “ равобити хешовандӣ” ёд мешуд.

Шафеъ бо баёни ин ки дар сиёсат поёни ҳар ихтилоф ва ҳатто ҷангу даргирӣ тавофуқу сулҳ аст,  афзуд: “агар ин муҳим ҳарчӣ зудтар иттифоқ биафтад, ба нафъи ҳар ду ҷониб хоҳад буд”.

Вай афзуд, бо тавваҷуҳ ба пешинаи равобити байни ду кишвар тайи беш аз ду даҳаи гузашта бар ин боварам, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар иқдоми воқеӣ барои беҳбуд бахшидан ба равобит пуштибонӣ хоҳад кард, аммо то замоне ки дар сатҳи сиёсӣ омодагӣ барои бардоштани нахустин гом барои тағйири воқеии вазъияти муносибот ба назар намерасад, бояд ҳамкориву таомулоти илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ идомаву тавсеа ёбад.

Ин коршиноси сиёсии тоҷик гуфт, мо насле ҳастем, ки замони истибдоди Шӯравиро пушти сар гузоштем. Шуравӣ ба ҳеч ваҷҳ ҷонибдори барқарории иртиботи мустақими Тоҷикистон бо Эрон набуд вале бо ин вуҷуд сиёсат наметавонист садди роҳи равобити илмиву фарҳангии миёни тоҷикҳову эрониҳо шавад. Ҳатто дар сахттарин шароити сиёсӣ боз ҳам диду боздидҳои ҳайатҳои илмиву фарҳангии мутақобил сурат мегирифт.

 

Бобоҷони Шафеъ ибрози умедворӣ кард, афзоиши таомулу ҳамкориҳо миёни фарҳангиёни ду кишвари Эрону Тоҷикистон боиси коҳиши фосилаҳои сиёсӣ шавад.