Август 28, 2017 00:58 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи артиши Покистон роҳии Тоҷикистон шуд

Фармондеҳи артиши Покистон дар раъси як ҳайати низомӣ барои сафаре 3 рӯза озими Тоҷикистон шуд ва бо мақомоти аршади низомии ин кишвар ва Чин мулоқот хоҳад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Қамар Ҷовид Боҷвоҳ, фармондеҳи артиши Покистон дар раъси як ҳайати низомӣ барои сафари 3 рӯза озими Тоҷикистон шуд.

Боҷвоҳ дар ин сафар мулоқоти муҳиме бо вазири дифои Тоҷикистон ва мақомоти низомии Чин хоҳад дошт.

Ба гузориши “Дейли Пресс”, дар ҷараёни мулоқоти ҳайати низомии Покистон бо мақомоти тоҷик масоили марбут ба таъмини амнияти минтақаӣ, вазъияти Афғонистон, ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Дар дидори мақомоти Покистону Чин бо мақомоти тоҷик масоили марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ, низомӣ фаннӣ ва омӯзиши афсарони тоҷик дар донишгоҳҳои низомӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.