Вазъи нобасомони маъдани нуқраи “Адрасмон”
Пас аз давлатӣ эълом шудани корхонаи тавлиди нуқраи мавсум ба “Адрасмон” дар вилояти Суғд, дар пайи ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2012, ин марказ амалан фаъолият намекунад ва дар остонаи варшикастагии комил қарор гирифтааст.
Ба гузориши сойти “Топ Тҷ”, ин корхона қаблан дар соли 2006 ба ширкати сармоягузории қазоқистонии “Кони Мансур” вогузар шуда буд, ки дар соли 2012 худро варшикаста эълом кард ва корхона бо тасмими Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар ихтиёри давлати Душанбе қарор гирифт.
Акнун бо қатъи фаъолияти ин корхона, наздик ба 600 нафар аз сокинони шаҳри Гулистон бекор шуда ва теъдоде ба Русия рафтаанд.
50 нафар аз коргарони корхона низ, ки бояд ҳуқуқи бознишастагӣ дарёфт мекарданд, бидуни сарнавишт мондаанд.
Аз сӯи дигар Барот Каримов яке аз масъулони корхонаи тавлиди нуқраи “Адрасмон” гуфтааст, ки ахиран талошҳое барои вогузарии дубораи ин корхона ба бахши хусусӣ оғоз шуда ва бояд бар асоси муноқиса ба молики ҷадид фурӯхта шавад.
Бар асоси ин гузориш, ҳанӯз мушаххас нест, ки чӣ замоне ин корхона ба бахши хусусӣ вогузар хоҳад шуд ва оё молики ҷадид метавонад, маблағи чаҳор миллион доллар қарзи ин маъданро, ки шомили молиёт ва ҳуқуқи ақибафтодаи коргарон ва бознишастагон аст, пардохт кунад.
Ба гузориши мақомоти иқтисодии вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон 622 корхонаи санъатӣ вуҷуд дорад, ки дар соли 2016 ба маблағи ҳафт миллиард сомонӣ, маҳсулот тавлид кардаанд.
Ба далоили мухталиф, аз ҷумла буҳрони иқтисодӣ 100 корхона дар ин минтақа ахиран аз фаъолият бозмондааст.