Даъвати Чин аз Тоҷикистон барои ҳузур дар ҳамоиши “БРИКС”
(last modified Mon, 28 Aug 2017 10:11:45 GMT )
Август 28, 2017 15:11 Asia/Dushanbe
  • Даъвати Чин аз Тоҷикистон барои ҳузур дар ҳамоиши “БРИКС”

Сафири Русия дар Чин имрӯз (душанбе), дар нишасти хабарӣ эълом кард, Чин раисиҷумҳури Тоҷикистон ва сарони се кишвари дигарро ба иҷлоси “БРИКС” даъват кардааст.

   Ба гузориши “Спутник”, Чин Андрей Денисов, сафири Русия дар Чин, гуфт, имсол Чин кишварҳои Гвинея аз Африқо, Мексика аз Амрикои Лотин, Таиланд аз Осиёи Шарқӣ ва Тоҷикистон аз Осиёи Марказиро ба иҷлоси "БРИКС" даъват кардааст.

 "БРИКС" аз панҷ иқтисоди бузурги дар ҳоли тавсеа Бразилия, Русия, Ҳинд, Чин ва Африқои Ҷанубӣ ташкил шудааст.

 Нишасти навбатии сарони БРИКС аз 3 то 5-уми сентябр дар шаҳри Сямэни вилояти Футзяни Чин доир мегардад.

Сарони ин панҷ кишвар аз соли 2009 иҷлоси солонаи "БРИКС"-ро баргузор мекунанд.