Август 29, 2017 10:38 Asia/Dushanbe
  • Таъйини мушовири хориҷӣ барои Бонки Миллии Тоҷикистон

Намояндаи Сандуқи Байналмилалии Пул бо ҳадафи ислоҳи амалкард ва тақвияти тавони молии Бонки Миллии Тоҷикистон ба муддати як сол бо ин бонк ба унвони мушовир ҳамкорӣ мекунад.

Ба гузориши сайти Бонки Миллии Тоҷикистон, бар асоси тавофуқи Сандуқи Байналмилалии Пул ва масъулони иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон, Эдвард Нолан, коршиноси ин сандуқи байналмилалӣ дар умури бозори сармоя ва сиёсати молӣ ба муддати як сол бар раванди фаъолияти БМТ ва тавонмандсозии молии ин ниҳод назорат хоҳад кард.

Ҳукумати Тоҷикистон дар чаҳор соли ахир бо мақомоти Сандуқи Байналмилалии Пул барои ҷазби кӯмакҳои молии ин ниҳод музокира ва ахиран ин ниҳоди байналмилалӣ ба шарти таъйини намояндаи худ дар БМТ ба унвони мушовир ва нозир бо идомаи ҳамкорӣ ва ироаи кӯмакҳои молӣ мувофиқат кардааст.

 Чанде қабл ҳайати эъзомии СБП ба Тоҷикистон бо интишори гузорише таъкид карда буд, ки ин ниҳод омодаи баррасии пешниҳодҳои Душанбе аст.

 Аммо барои иҷрои ин пешниҳодҳо тарафи Тоҷикистон бояд дар заминаи ислоҳоти иқтисодӣ, фаъолияти бонкҳо ва ташкилоти қарзии хурд, шаффофсозии муомилоти пулӣ ва тағйири сиёсати худ дар қиболи бахши хусусӣ иқдом кунад.

СБП барои ироаи кӯмакҳои молӣ ба Тоҷикистон шартҳое чун эътои имтиёзи бештар ба бахши хусусӣ, ислоҳи низоми бонкӣ, таъмини рушди иқтисодӣ бо иҷрои барномаи корофаринӣ, тасвияҳисоб ё пардохти комили пули муштариён аз ҷониби бонкҳои буҳронзада ва коҳиши фақрро матраҳ мекунад.