Август 29, 2017 11:44 Asia/Dushanbe
  • Мавҷи ҳамдардиҳо дар фазои маҷозӣ дар пайи фоҷеаи Бадахшон

Марги дилхароши 10 мусофир бар асари суқути як мошини “Старекс” ба рӯди Шоҳдара, дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон мавҷи густурдаи ҳамдардиҳоро дар фазои маҷозӣ эҷод кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз манобеи маҳаллӣ, ин ҳодисаи ғамангез, ки соати 7:30 дақиқаи субҳи 28-уми август дар километри 20-уми роҳи Роштқалъа - Хоруғ рух додааст, мавҷе аз ибрози таассуф ва андӯҳро дар шабакаҳои маҷозии Тоҷикистон дар пай доштааст.

Гуфта мешавад, аз 13 сарнишини ин мошин чаҳор тан кӯдак будаанд, ки ҳамагӣ ҷон бохтаанд.

3 нафар низ ба шиддат захмӣ ва ба бемористон мунтақил шудаанд.

Салими Айюбзод, нависанда ва рӯзноманигори саршиноси тоҷик дар пайи интишори хабари вуқӯи ин ҳодиса дар сафҳаи маҷозии худ чунин навишт: “Дилам барои қурбониёни Роштқалъа мегиряд. То кай роҳҳо барои мо марг хоҳанд овард?”

Нусратулло Бобоев, шоири ҷавони тоҷик ҳам бо сурудани шеъре ва интишори он дар сафҳаи маҷозии худ бо бозмондагони ин сониҳаи маргбор ибрози ҳамдардӣ кардааст.