Август 29, 2017 17:44 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии сафири Русия аз вазъияти забони русӣ дар Тоҷикистон

Сафири Русия дар Душанбе гуфт, агар иқдомоти қотеъ барои эҳёи забони русӣ аз сар гирифта нашавад, вазъияти ин забон дар Тоҷикистон буҳронӣ хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Игор Фролов бо ибрози таассуф аз бетаваҷҷуҳӣ ба забони русӣ дар Тоҷикистон афзуд, мутаассифона, доираи истифодаи забони русӣ дар ин кишвар ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. Ин дипломати рус афзуд, далели ин раванд коҳиши теъдоди шаҳрвандони русзабон дар Тоҷикистон ва камбуди устодони забони русӣ аст. Фролов гуфт, мардуми Русия ҳамвора аз мардуми Тоҷикистон дар замоне ки ниёз ба кумак доштанд, ҳимоят кардаанд ва дар ҳоли ҳозир низ чунин иқдомотеро идома хоҳанд дод.

Ибрози нигаронии ин мақоми рус дар ҳоле аст, ки дар ояндаи наздик 29 омӯзгори рус барои тадриси забону адабиёти русӣ ба Тоҷикистон эъзом хоҳанд шуд. Бар асоси қарордоди дуҷониба, тарафи Тоҷикистон муваззаф шудааст, омӯзгорони русро, ки теъдоде аз онон бо хонаводаҳояшон ба ин кишвар меоянд, бо хона таъмин кунад ва пули билети ҳавопаймои ононро пардохт намояд. Ҳамчунин ҳукумати Русия чанд ҳазор китоби дарсии забони русиро барои омӯзиши ин забон ба Тоҷикистон ирсол кардааст.