Август 30, 2017 09:26 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли парвандаи Сайфиддин Назарзода ба Кумитаи умури дин

Шикояти раиси барканор шудаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба далели пахши гузориши ғайри воқеӣ, дар бораи маросими арӯсии писараш, ки мӯҷиби барканории вай шуд, барои баррасии дубора ба Кумитаи давлатии умури дини ин кишвар ирсол шудааст.

Ба гузориши сойти “Топ Тҷ”, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки шикояти Сайфиддин Назарзода, раиси барканор шудаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Кумитаи давлатии умури дини ин кишвар мавриди баррасӣ қарор гирад.

Дар номае, ки аз суи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба Сайфиддин Назарзода ирсол шуда, гуфта мешавад, ки ба далели ноқис будани парванда бояд ин баҳс дар Кумитаи давлатии умури дини Тоҷикистон баррасӣ ва навоқис бартараф гардад. Сайфиддин Назарзода раиси барканор шудаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба далели пахши гузориши ғайри воқеӣ дар бораи маросими арӯсии писараш, ки мӯҷиби барканории вай шуд, алайҳи “Шабакаи як”-и телевизиони давлатӣ даъво карда буд.

Рӯзи ҳаштуми август “Шабакаи як”-и телевизиони давлатии Тоҷикистон бо пахши гузорише, аз шеваи баргузории ҷашни арӯсии писари Назарзода аз вай ба далели нодидаи гирифтани Қонуни танзими ҷашн ва маросим ба шиддат интиқод карда буд. Вай гуфтааст, ки Қонуни танзими ҷашн ва маросимро нақз накарда ва пахши ин гузориш кори дасти бадхоҳон мебошад.

Бар асоси ин гузориш, дар ҷашни арӯсии писари раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон 300 нафар ширкат карда буданд ва беш аз чаҳор дастгоҳ худрав истфода шуда буд, ки нақзи Қонуни танзими ҷашн ва маросим ба ҳисоб меояд. Натиҷаи ин моҷаро ҳарчи бошад дар таърихи 10 сола, аз замони тасвиби Қонуни танзим ҷашн ва маросим дар Тоҷикистон нахустин бор аст, ки эътирози як мақоми давлатӣ дар додгоҳ баррасӣ мегардад.