Август 31, 2017 08:33 Asia/Dushanbe
  • Посухи аҷиби Вазорати маорифи Тоҷикистон: Шӯрои уламо метавонист рӯзи идро иваз кунад

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо интишори як баёнияи расмӣ ба мавзеъгирии доктор Ҷовид Муқим, устоди риштаи рӯзноманигории ин кишвар бо ҷой додани вожаи "профессор" дар нохунак, посухи аҷибу тавҳиномезе дод.

Ба гузориши манобеи хабарии Тоҷикистон, дар посухи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон омадааст: “Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон метавонист ба ҷойи якуми моҳи сентябр рӯзи дигареро Иди Қурбон эълом кунад”.

Ин дар ҳоле аст, ки гоҳшумории қамарӣ бар асоси ҳаракати моҳ дар осмон аст ва Шӯрои уламо таъйинкунандаи рӯзҳои хос дар тақвими қамарӣ нест ва танҳо эъломкунандаи ин рӯзҳо аст.

Дар посухи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳамчунин ба банди 52-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи рӯзҳои иди расмӣ ишора шуда, ки дар он рӯзи аввали моҳи сентябр ҳамасола рӯзи оғози соли таҳсилии ҷадид ва Рӯзи Дониш номгузорӣ шудаву таътил нест.

Аз сӯйи дигар, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо истифода аз мафоҳими мазҳабӣ таъкид кардааст, ки нахустин паёми ваҳй ба паёмбари Ислом вожаи “Иқраъ”, яъне бихон буд, на ид кун, ки ин баёнгари аҳамияти омӯзиши илму дониш мебошад.

Чанд рӯз қабл Ҷовид Муқим дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, модоме, ки дар Қонуни Асосии Тоҷикистон рӯзҳои Иди саиди Фитр ва Иди саиди Қурбон таътили расмӣ мебошад ва дар тақвими кишвар низ ин ду рӯз ба унвони рӯзҳои ғайрикорӣ сабт шудаанд, иқдоми ахири Вазорати маориф ва илм ба бозкушоии мактабу донишгоҳҳо дар рӯзи Иди Қурбон нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон аст.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи аввали моҳи сентябр ва Иди саиди Қурбонро дар ҳоле оғози соли таҳсилии ҷадид дар марокизи омӯзишии ин кишвар эълом кардааст, ки дар Русия, ки рӯзи аввали моҳи сентябр бо оғози соли таҳсилии ҷадид ва Иди саиди Қурбон ҳамзамон шудааст, рӯзи аввали фаъолияти марокизи омӯзиширо ба душанбе, чаҳоруми сентябр мунтақил кардаанд.

Ҳамчунин ҳукумати Ӯзбакистон ба хотири ҳамзамонии рӯзи Иди Саиди Қурбон ва рӯзи аввали моҳи сентябр оғоз соли таҳсилии ҷадидро ба рӯзи шанбе, дувуми ин моҳ мунтақил кард.