Август 31, 2017 10:05 Asia/Dushanbe
  • Таъйини 93 макони вижа дар шаҳри Душанбе барои забҳи чорво

Шаҳрдори Душанбе бо таъйини 93 макони вижаи забҳи чорво дар рӯзи Иди саиди Қурбон, ин корро дар дигар манотиқи пойтахт мамнуъ кардааст.

Ба гузориши сайти шаҳрдории Душанбе, забҳи чорво дар рӯзи Иди саиди Қурбон дар 93 макон, бо ҳузури духтури ҳайвонот анҷом хоҳад шуд ва дар дигар манотиқи пойтахт ва ба вижа дар назди биноҳо ба ҳеҷ ваҷҳ иҷозаи чунин иқдоме дода намешавад ва мутахаллифон ҷарима хоҳанд шуд.

Исмҳо ва нишони маконҳои ихтисосии забҳи чорво дар рӯзи иди саиди Қурбон дар пойтахти Тоҷикистон аз тариқи шабакаҳои радио ва телевизиони давлатии ин кишвар пахш мешавад ва кормандони Вазорати дохилӣ масъули назорат бар иҷрои ин раванд ҳастанд.

Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе гуфтаанд, ки дар рӯзҳои ахир дар муқобили дари вурудии биноҳо дар пойтахти Тоҷикистон огоҳиҳо насб мешавад, ки бар асоси он забҳи чорво дар рӯзи Иди Қурбон танҳо дар маконҳои таъйиншудаи шаҳрдорӣ имконпазир аст.

Дар ин огоҳиҳо таъкид шудааст, ки афроди мутахаллиф ба пардохти наздик ба 2 ҳазор доллар ҷаримаи молӣ маҳкум хоҳанд шуд.

Ба дастури Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе аз 25-уми август дар маркази вижае дар пойтахти Тоҷикистон ҳамарӯза 300 сар гӯсфанди арзон барои қурбонӣ ба сокинони ин шаҳр арза мешавад.