Вокунишҳо ба коҳиши аҳамияти иди саиди Қурбон дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 31 Aug 2017 07:25:33 GMT )
Август 31, 2017 12:25 Asia/Dushanbe
  • Вокунишҳо ба коҳиши аҳамияти иди саиди Қурбон дар Тоҷикистон

Бо вуҷуди бетаваҷҷуҳии мақомҳои давлати Душанбе ба вазъияти рифоҳӣ ва иҷтимоии мардуми мусулмони Тоҷикистон, доираи маҳдудиятҳои динии онҳо ҳар рӯз ба шакле тангтар мешавад. 

Дар ин росто, фармони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бинобар оғози соли таҳсилии ҷадид дар рӯзи иди саиди Қурбон, бо вокунишҳои бисёре дар Тоҷикистон мувоҷеҳ шудааст.

Имсол бо вуҷуди ҳамзамон шудани иди Қурбон бо рӯзи аввали сентябр, рӯзи бозгушоии мактабҳо ва оғози соли таҳсилии нав дар Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ин кишвар эълом кардааст, ҳамаи донишомӯзон ва донишҷӯён бояд дар рӯзи ид, дар дарсҳо ҳозир шаванд.

Дар вокуниш ба ин иқдом, Алим Шерзамонов раиси дафтари маҳаллии ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон аз волидайни донишомӯзони мактабҳои миёна, омӯзишгоҳҳо ва марокизи омӯзиши олӣ хост ба нофармонии маданӣ иқдом кунанд ва фарзандони худро аз рафтан ба марокизи омӯзишӣ дар рӯзи иди Қурбон боз доранд.

Ҷовид Муқим устоди риштаи рӯзноманигорӣ ва коршиноси масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон низ гуфт: Дастури Вазорати маориф ва илм ба бозгушоии мактабҳо ва донишгоҳҳо дар рӯзи иди Қурбон, нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон аст.

Дар ин иртибот, Раҳматуллоҳ Зоиров раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо таъкид бар ин, ки дар Қонуни асосии Тоҷикистон рӯзҳои иди саиди Фитр ва Қурбон таътили расмӣ ва дар тақвим низ ба унвони рӯзҳои ғайрикорӣ сабт шудааст, иқдоми ахири Вазорати маориф ва илмро барои бозгушоии мактабҳо ва донишгоҳҳо дар рӯзи иди Қурбон нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон тавсиф кард.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи аввали моҳи сентябр ва иди саиди Қурбонро дар ҳоле оғози соли таҳсилии нав дар марказҳои омӯзишии ин кишвар эълом кардааст, ки дар манотиқи мусулмоннишини Русия назири ҷумҳуриҳои Тотористон, Бошқирдистон, Доғистон ва Чеченистон бо таваҷҷуҳ ба ҳамзамонии ин рӯз бо иди Қурбон, оғози фаъолияти марказҳои омӯзишӣ ба рӯзи душанбе чаҳоруми сентябр ба таъхир гузошта шудааст.